Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия зидди истиқлоли Косово


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз шарҳи мавқеи кишварашро дар раъдиҳӣ барои эътирофи истиқлолияти Косово дар Шӯрои амнияти СММ рад кард.

Лавров, ки дар Маскав сӯҳбат мекард, гуфт, ки хеле барвақт аст оид ба ҳуввияти раъдиҳандагон ва тарзи овоздиҳии онҳо сӯҳбат шавад.


Қарор аст, моҳи оянда Шӯрои амнияти СММ нақшаи пешниҳодии Марти Аҳтисаари, фиристодаи вижаи СММ-ро ба баррасӣ гузорад.


Дар Ню-Йорк сафири Русия дар СММ гуфт, ки Шӯрои амният бояд қабл аз тасмимгирӣ дар ин масъала ҳайатеро ба Белград ва Приштина фиристад.


Аҳтисаари пешниҳод намуд, ки ба Косово истиқлолияти шартӣ дода шавад, ҳамроҳ бо конститутсия, парчам ва суруди миллӣ ва тибқи ин нақша, ҷомеаи байналмилалӣ вазъи минтақаро назорат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG