Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Ҷопон сафорат боз мекунад


Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба хотири тавсиаи доманаи ҳамкориҳояш бо кишварҳои осиёӣ дар се кишвари ин минтақа намояндагиҳои дипломатии худро боз кунад. Дафтари иттилооти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо эъломи ин хабар навиштааст қарор аст бо ин ҳадаф Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ва Ҷопон сафоратхонаҳои худро боз намояд. Ҳамчунин дар ин замина тасмим гирифта шудааст,ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Ахиран Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба нахуст сафари расмии худ аз кишвари муҳимми ҷаҳони араб - ҷумҳурии Миср расман боздид ба амал оварда буд.
XS
SM
MD
LG