Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди тарма ҷони панҷ нафарро гирифт


Бар асари фуруди тарма дар ағбаи Анзоб,ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад,ронандаи мошинаи тамғаи «ГАЗ-55» ҳамроҳ бо як тан мусофири он ба ҳалокат расиданд. Ин мошина,ки панҷ нафар мусофир дошт,замоне зери тарма қарор гирифт,ки дар ҳоли ҳаракат аз роҳи мошингарди ағбаи Анзоб буд. Ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон фуруди тарма мошинро аз баландии 170 метр сарозер ва ба рӯди Зарафшон андохтааст, ки дар натиҷа ронандаву яке аз мусофирон,сокини 31-солаи деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ дар маҳалли ҷони худро аз даст додаанд. Гузориши Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ҳокист,ки се мусофири дигари мошин бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Аммо гуфта мешавад ҷасади мусофири аз ҳама хурдсоли «ГАЗ-53» то кунун ёфт нашудааст.
XS
SM
MD
LG