Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлияи Қирғизистон зани бисёр мехоҳад


Мурод Каипов, вазири адлияи Қирғизистон гуфт, ки ғайриқонунӣ кардани падидаи бисёрзанӣ ихтирооти аҳди ҳукумати яккатози Шӯравӣ аст.


Зимни суханрониаш дар Бишкек дирӯз Каипов бартариҳои полигамиро номбар кард, ва аз ҷумла гуфт, ки масъалаи нобаробарии шумори мардону занон дар ҷомеа аз байн хоҳад рафт. Чанде пеш Каипов ба пуштибонӣ аз қабули қонуни бисёрзанӣ суханронӣ карда буд.


Имрӯз дар ҷомеаи Қирғизистон мардони соҳиби беш аз як зан кам нестанд, ҳарчанд дар сурати гунаҳгор дониста шудани мард, қонунҳои кишвар то ду соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG