Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як модар панҷ фарзанди худро куштааст


r

Полиси Белгия гуфт, ки дирӯз як модаре 5 фарзанди худро бо зарби корд ба ҳалокат расонида баъдан кӯшиши сӯиқасд ба ҷони худро ҳам кардааст.


Хадамоти изтирории Белгия ҷасади панҷ тифли 3 то 14-сола ва модарро бо ҷароҳатҳои вазнин дар манзилаш, 30-километрии ҷануби пойтахти Белгия, шаҳри Бруссел пайдо кард.


Полис гуфт, ки чаҳор духтар ва як писар баъди зӯҳри дирӯз аз зарби корд ба ҳалокат расиданд. Полис ба ин савол посух дода натавонист, ки бо кадом сабаб модар даст ба куштори фарзандонаш задааст.
XS
SM
MD
LG