Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ тарҳи дигари Қонуни динро таҳия кардааст


Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, тарҳи алтернативии қонуни динро таҳия карда ва азм дорад, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.


Вай гуфт, ӯ ба қонуни амалкунанда ва лоиҳаи нави қонун, ки Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кардааст, мухолиф аст. Ба иддаои ӯ, қонуни амалкунанда оид ба дин озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекунад.


Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи ин тасмими худ дар мулоқоташ бо Асмо Ҷаҳонгир, гузоришгари Созмони Милал оид ба дину озодии эътиқод баён кардааст.


Хонум Асмо Ҷаҳонгир, ки феълан аз Тоҷикистон боздид мекунад, дар силсилаи мулоқоташ бо мақомоти расмию ғайрирасмӣ ба масоили озодии мазҳабӣ, имкони таълимоти динӣ, бархӯрди мақомот бо эътиқодмандон ва тарҳи нави қонуни дин дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст.

Видеоҳои охирин

Навори аз по афтидани Фахриддин Собиров нашр шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:17:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG