Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РусАл мегӯяд, ҳамкориро бо Тоҷикистон давом медиҳад


Эълони ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тахсиси 50 миллион доллар барои бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун бо сукути ширкати РусАл рӯбарӯ шудааст. Шурӯъи гуфтушунидҳои ҳайъати расмии Тоҷикистон дар Вошингтон дар масъалаҳои инержӣ, гуфтугӯҳоро аз хуруҷи РусАЛ аз барномаи Роғун ба бор овардаанд.

Ҳайъати давлатии Тоҷикистон дар Вашингтон на масъалаи сармоягузорӣ ба Роғун, балки сохтмони хатти интиқоли барқ ба Афғонистону Покистон ва сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯдаро баррасӣ мекунад. Бо вуҷуди ин аз эҳтимоли сармоягузории ширкатҳои амрикоӣ дар сохтмони Роғун низ сӯҳбатҳо ҷараён гирифтаанд. Аммо намояндаи расмии ширкати РусАЛ дар Тоҷикистон Александр Касаткин мегӯяд, ин ширкат тағйире дар муносибатҳояш бо ҳукумати Тоҷикистонро надидааст:

"Ширкати РусАЛ дақиқан тибқи созишномае амал мекунад, ки дар моҳи апрели соли 2004 бо ҳукумати Тоҷикистон имзо кардааст. То ҷое ки ба ман маълум аст, ин созишнома бақо дорад ва мо интизорем, ки дар ҷаласаи навбатии кумисюни байнидавлатии Русия ва Тоҷикистон тарафҳо дар мавриди ҳамаи масъалаҳои баҳсбарангези ченакҳои фаннӣ ва сармоягузорӣ ба натиҷаи ниҳоӣ хоҳанд расид."

Тоҷикистон ва Русал аз поёни соли 2004 то ҳоло дар бобати баландии сарбанд, маводи сохтмони он ва саҳми тарафҳо дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун гуфтушунид мекунанд, вале то ҳол ба натиҷае нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG