Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беэътиноии Тоҷикистон ба тоҷикони Гуантанамо


Бино ба иттилоъи Саймуддин Ятимов - муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон то ба ҳол 10 шаҳрванди ин кишвар аз маҳбаси Гуантанамо раҳо ва ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд.


Оқои Саймуддинов, ки рӯзи ҷумъаи 19 -январи соли равон дар нишасти хабарии худ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат менамуд, гуфт вале теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки феълан дар зиндони Гуантанамо боқӣ мемонанд, мушаххас нест.


Муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ин замина аз ҷумла гуфт: «масъала он гоҳ ҳалли худро пайдо мекунад, ки ИМА расман барои таъйиди шаҳрвандии онҳо муроҷиат кунад ва қарори депортатсияи онҳоро аз Гуантанамо ба тасвиб расонад. Мушовараҳои мо сари ин мавзӯъ бо мақомоти зидахли Амрико идома доранд»


Моҳи январи соли 2002 нируҳои Эътилофи зиддитеррористии таҳти сарварии Амрико ҳудуди 700 маҳбусро аз Афғонистон ба Гуантанамо интиқол доданд. Тибқи иттилооти расмӣ, инҳо аъзои ҳаракати Толибон ва созмони террористии Ал-қоида будаанд.


Дар ҳоли ҳозир, 395 маҳбуси дигар дар маҳбаси Гуантанамо ба сар мебаранд. Маҳбусини Гуантанамо аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ҳудуди Афғонистон боздошт шуда, ба Гуантанамо интиқол ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, адами иттилоъ дар мавриди теъдоди шаҳрвандон аз камтаваҷҷӯҳии мақомоти Тоҷикистон будааст.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG