Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҷиҳати ба тобеъияти худ даровардани ширкати «Телерадиоком», ки ниҳоди масъули пахши барномаҳои радио ва телевизион дар қаламрави ин кишвар аст, иқдом намудааст.
Ин матлабро Асадулло Раҳмонов, райиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ имрӯз 12 январ дар шаҳри Душанбе иброз дошт. Асадулло Раҳмонов гуфт бо ин ҳадаф аллакай Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикстон асноди лозимаро ба ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст ва таъкид кард масъала дар ин робита тақрибан ҳал шудааст.
Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳадаф аз тобеъи ин кумита сохтани ширкати
"Телерадиоком"-ро номуассирии фаъолияти қаблӣ ва зиёновар будани кори ширкати мазкур унвон кард.
Ширкати саҳҳомии «Телерадиоком» ягона ниҳоди пахши барномаҳои радио ва телевизион дар ҳудуди Тоҷикистон аст ва то дар ҳоли ҳозир аз рӯи низоми сохторӣ дар ихтиёри вазорати нақлиёт ва мухобирот қарор доранд.
Фарҳоди Мелод, Душанбе