Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба эъдоми ду шарики Саддом Ҳусейн


Сухангӯи нирӯҳои Амрико дар Ироқ гуфт, ки низомиҳои амрикоӣ рабте бо иҷрои ҳукми эъдоми раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн надоштанд. Генерал-майор Вилям Колдвелл ба хабарнигорон дар Бағдод гуфт, низомиёни Амрико ин ҳукмро ба гунаи дигар иҷро мекарданд, вале, афзуд вай, Ироқ як кишвари мустақил буда, ва мустақилона қарор карда, ки ҳукми Саддомро чӣ гуна ба иҷро бирасонанд: "Мо аслан ҳеҷ навъ иртиботе бо ин надоштем. Ба ҷуз аз таъмини интиқол ва амнияти ӯ, яъне чизе ки ҳамеша анҷом медодем. Яъне бурдани вай ба як маҳалли мушаххасе, ки дар гузашта мақари додгоҳ буд ва муҳокима он ҷо мегузашт."


Раисиҷумҳури собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн бар асоси ҳукми додгоҳи вижа бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти алайҳи башар маҳкум ба эъдом шуд ва ӯро рӯзи 30 декабр ба дор овехтанд. Наворе, ки бо телефони ҳамроҳ дар лаҳазоти пеш аз қатли Саддом Ҳусейн бардоштаанд, ҳокист, ки ӯ аз сӯи маъмурин мавриди таънаву маломатҳо қарор гирифтааст. Нашри ин навор авҷи нави эътирозҳоро ба вижа дар миёни сунниҳои ироқӣ барангехт ва давлати Ироқ акнун ваъда супурдааст, ки ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард.


Дар ҳамин ҳол, гузоришҳои расида ҳокист, ки дар Ироқ ба иҷрои ҳукми эъдоми ду тан аз ёрони Саддом Ҳусейн, ки дар як парванда бо ӯ маҳкум ба қатл шудаанд, омодагӣ мегиранд. Додгоҳи вижаи Ироқ Барзон Иброҳим Тиқритӣ, бародарзодаи Саддом Ҳусайн ва раҳбари хадамоти иктишофии Ироқ дар замони раҳбарии Саддом ва Авод Ҳамид Бандар, раҳбари собиқи додгоҳи инқилобии Ироқро низ дар куштори 148 сокини рустои шиъанишини Дуҷайл дар соли 1982 дар пайи як сӯъиқасди ноком ба ҷони Саддом муҷрим шинохта, ба қатл маҳкум кардааст. Телевизионҳои арабии "Ал-Фурот" ва "Ал-Арабия" мегӯянд, Барзон Иброҳим ва Авод Бандар рӯзи 4 январ ба дор овехта хоҳанд шуд. Хабаргузориҳо аз як мақоми ироқӣ нақли қавл кардаанд, ки ин хабарро таъйид мекунад, вале мегӯяд, замон ва макони иҷрои ҳукм ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин дар ҳолест, ки як мушовири аршади сарвазири Ироқ Нурӣ Маликӣ гуфта, Авод Бандару Барзон Иброҳим шояд дар ҳафтаи оянда овехта шаванд.
XS
SM
MD
LG