Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Эрон -- дилсардӣ аз Аҳмадинажод


Вазорати умури дохилии Эрон имрӯз тасдиқ кард, ки президенти пешини ин кишвар Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар интихоботи Шӯрои хубрагон пешсафии комил ба даст овардааст. Ин манбаъ гуфт, Рафсанҷонӣ дар қиёс бо номзади президенти феълӣ Муҳаммадтақӣ Мисбоҳ Яздӣ, ки дар ҷои шашум аст, наздик ба ду баробар бештар раъй гирифтааст. Рафсанҷонӣ дар интихобот аз номи эътилофи ислоҳотхоҳон ва мӯътадилон ширкат кард ва Шӯрои хубрагон соҳиби қудратест, ки ба кори волии фақеҳ, раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ назорат карда, ҳатто метавонад, ӯро барканор кунад. Ин шӯро, тибқи қонуни асосии Эрон, марҷаъи ахири ҳар умури кишвар ба шумор меравад.


Дар ҳоле ки президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ширкати густардаи мардумро дар интихобот як аломати пуштибонии ом аз сиёсатҳои худ медонад, шореҳон баракс мегӯянд, ин иштирок нишонаи коҳиши ҷиддии эътибори Аҳмадинажод аст.


Хабаргузории давлатии ҷумҳурии исломӣ ИРНО мегӯяд, дар овоздиҳӣ зиёда аз 60 %-и соҳибони ҳаққи раъй ширкат карданд, ки пас аз бетаваҷҷӯҳии мардум ба интихобот дар соли 2003, баландтарин нишонаи эҳёи ин таваҷҷӯҳ аст. "Ню-Йорк Таймс" навишт, бисёре аз интихобкунандагон гуфтаанд, танҳо барои он раъйи худро ба ислоҳталабон додаанд, ки аз сиёсатҳои ифротгароёнаи Аҳмадинажод ва ваъдаҳои иҷронашудаи ӯ дилсард шуда, ба чеҳраҳои нав умед бастаанд.
XS
SM
MD
LG