Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Литвиненко: "Фарзанди ман мусалмон даргузашт"


Падари Александр Литвиненко, ки моҳи гузашта бар асари заҳролудшавӣ дар Лондон даргузашт, мегӯянд, ӯ дар бистари марг дини Исломро қабул намуда, хоҳиш кард, ки бар пояи анъанаҳои мусалмонӣ ба хок супурда шавад.


Ва аммо то ҳанӯз рӯзи дафни Литвиненко эълон нашудааст. Валтер Литвиненко, падари Александр Литвиненко, ҷосуси собиқи рус, ки даргузашташ дар ҷаҳон сару садоҳое барангехтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзанди ӯ ду рӯз қабл аз маргаш ба ӯ гуфтааст, ки Исломро қабул кардааст.


Тафсилоти ин хабар зери ин хати сабз ниҳон аст
XS
SM
MD
LG