Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Исроилу Фаластин мегӯянд, ки ба тааҳҳуди оташбас побанд ҳастанд


KB Алорағми ҳамлаи мушакии фаластиниён соатҳои аввали баъди эълони хатми муваққати ҷанг, раҳбарони Исроилу Фаластин гуфтанд, ки ба тааҳҳуди худ оид ба оташбас побанд мемонанд.

Эҳуд Олмерт, нахуствазири Исроил гуфт, ки новобаста ба мушаки партобшуда ӯ ба хотири эҷоди сулҳ аз худдорӣ кор мегирад. Олмерт гуфт:

"Ман бисёр умедвор ҳастам, ки фаластиниҳо масъулият ва ҳусни ниятро намоиш хоҳанд дод. Ин метавонад оғози силсилаи музокироти ҳақиқиву ошкор ва мустақими мо бо маъмурияти Фаластин, миёни ман ва Абу Мазин бошад, ба хотири наздикшавиву ҳамзистии фарогири мову фаластиниён"

Сухангӯи гурӯҳи Ҳамас дар шарҳи ҳодисаи мушаки партобшуда гуфт, ки ҳануз хабари оташбаси муваққат то ҳама нуқоти минтақа нарасида буд. Раҳбарони як идда гурӯҳҳои ситезаҷӯи фаластинӣ, ки бо нахуствазир Исмоил Ҳания мулоқот карданд, гуфтанд, ки паймони ғайриинтизории оташбаси муваққатро, ки рӯзи шанбе эълон шуд, риоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG