Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон мактабҳои мусиқии Тоҷикистонро таъмир менамояд


зн

Ҳукумати Ҷопон барои таъмиру таҷдиди мактабҳои мусиқии ба номи Малика Собирова ва коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии Тоҷикистон ба маблағи 170.000 $ кӯмаки молии бебозгашт кардааст.


Мактаб - интернати мусиқии ба номи Малика Собирова аз соли 1963 ба ин ҷониб 900 мутахассиси варзидаро тарбия кардааст, аммо бинои он, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ зарари ҷиддӣ дида буд, то ҳол таъмир нашуда буд.


Коллеҷи хореографии Тоҷикистон ҳамагӣ соли 2003 таъсис ёфта, дар биное ҷойгир шудааст, ки он таърихи беш аз 60 сола дорад ва дар 15 соли ахир таъмирро надидааст.
Зарангези Наврӯзшоҳ, Душанбе
XS
SM
MD
LG