Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти панҷ тан бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрав


Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки маъмурони амниятӣ дар шаҳри Исфара, воқеъ дар шимоли ин кишвар 5 фард, аз ҷумла 3 занро бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) боздошт кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, бори аввал аст, ки занҳо бо иттиҳоми фаъолият дар ин созмони тундрав боздошт мешаванд.
Асаддулло Урӯнов - сухангӯи додситони Суғд рӯзи ҷумъа (3 ноябр) гуфт, ки он афрод шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони Исфара ҳастанд.


Ба гуфтаи додситонӣ, аз манзили як тани онҳо 19 халта селитра, як навъи нурии минералӣ, ки наздики 100 килои он барои корбурд дар норинҷаки худсохт омода буд, кашфу забт шудааст. Оқои Урунов аз шарҳи бештар дар мавриди се зани боздоштшуда худдорӣ варзид.


Идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, ки боздошт зимни тафтиши қазияи ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди номаълум ба соҳибкори маъруфи Исфара - Низомхон Ҷӯраев дар поёни моҳи августи соли равон сурат гирифтааст.
Ҳафтаи гузашта мақомоти интизомии вилояти Суғд 6 сокини дигари ҳамин ноҳияро бо иттиҳоми мансубият ба ҲИУ дастгир карданд.


Аммо бархе аз коршиносони масоили сиёсӣ дар Исфара ва пайвандони афроди боздоштшуда мегӯянд, ки мақомоти интизомӣ зимни тафтиши аввалия нисбати боздоштшудаҳо ба гумони фаъолият дар ҲИУ аз усулҳои ғайриқонунӣ кор мегиранд. Чунонки хешованди як боздоштшуда гуфт:

«Ҳамаша (боздоштшудаҳоро) зада, ба ток мондагӣ.»

Эмин Ҷалилов - муовини сардори раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, ки ин ҷунбиши ифротӣ фаъолияти густардаеро дар Исфара ба роҳ мондааст, ки метавонад, ба амнияти минтақа хатар эҷод кунад.


Аммо масъулини раёсати умури дохилаи Суғд вуҷуди созмони ҷиноиву мазҳабие дар Исфара, ба унвони «Байъат» - ро радд карда, мегӯянд, ки аъзои ин гурӯҳ мансуб ба ҲИУ буда, ба хотири ҳамдастӣ ва фаъолияти якҷоя бо ҳам байъат, яъне - паймон бастаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG