Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири амнияти миллии Амрико ба Афғонистон сафар кард


Стивен Ҳедли, Мушовири амнияти миллии Амрико имрӯз (1 ноябр) ба Афғонистон сафар кардааст. Қарор аст, оқои Ҳедли бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дидор ва гуфтушунид дошта бошад. Ҳамчунин оқои Ҳедли бо мақомоти эътилофи низомии таҳти сарварии Амрико низ гуфтугў хоҳад кард.


Оқои Ҳедли қабл аз сафараш ба Афғонистон, авоили ҳафта ба Ироқ сафар карда буд, дар ҳоле, ки нишонаҳои таниш миёни Амрико ва ҳукумати Ироқ ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG