Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайидамир Зуҳуров: Марзбонҳои узбак худсарӣ мекунанд


Саийдқосими Қиёмпур

Сайидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи Ҳифзи Сарҳадоти Тоҷикистон марзбонони узбакро дар он муттаҳам кард, ки худсарона ба мушаххас кардани марзҳои ду кишвар машғуланд. Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ӯ гуфт, ки бо талошҳои гурӯҳи муштараки ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон то имрӯз 80 дар сади марзҳо мушаххас шудааст. Сайидамир Зуҳуров афзуд, барои аломатгузорӣ дар марз ва муайян кардани хатти назорати марзӣ имзои созишномаи байниҳукуматӣ зарур аст. Ва аммо дар ҳоле, ки ин гуна созиш таҳия ва имзо нашудааст, марзбонҳои узбак худсарона дар марзи ду кишвар аломату саддҳо мегузоранд.

Мутаассифона, ин меъёри байнулмилалӣ аз сӯйи нирӯҳои марзбони ӯзбак риоя намешавад. Онҳо худсарона аломатҳои марзӣ, симхор мегузоранд ва худсарона қитъаҳои замину иншооти обёрикуниро аз худ мекунанд. Ин ҳама бояд бо роҳҳои сиёсӣ ҳал шавад, аммо онҳо бо зӯр мехоҳанд ҳал кунанд, ки мо ба ин роҳ намедиҳем

Ба гуфтаи раиси Кумитаи Ҳифзи Сарҳадоти Тоҷикистон, марзбонҳои кишвар омодаанд ҳама масоили баҳсбарангезро бо мақомоти сарҳадии Узбакистон баррасӣ кунанд ва аммо сарҳадбонҳои кишвари ҳамсоя аз мулоқотҳо дар ин мавзӯъ парҳез мекунанд.
Ҳамзамон генерал Зуҳуров аз фаъолияти комиссиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли баҳсҳои марзи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард:

Дар қисмати Бадахшонии марзи мо бо Қирғизистон ягон баҳси марзӣ нест. Агар дар ёд дошта бошед, водии Олойро мо иҷора гирифтем ва мӯҳлати иҷора тамом шуду мо онро ду сол пеш ба Қирғизистон баргардондем. Он ҳам ба хотири таъминоти тобистонаи мардуми Мурғоб - чарогоҳ буду ҷои кор буду дигару дигар. Вале дар қисмати Исфара ва дигар манотиқи вилояти Суғд минтақаҳои баҳснок зиёданд

Сайидамир Зуҳуров дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи омодагии неруҳои марзбонии кишвар ба зимистон гуфт, чанд рӯз пеш корвони мошинҳо бо маводи озуқа, либоси гарми низомӣ ва маводи сӯхт ба Хоруғ расид. Рӯзҳои наздик боз як корвони мошинҳо сӯи қитъаҳои марзии Бадахшон роҳ хоҳад гирифт. Марзбонҳо дар Мурғоб, Ишкошим ва Шӯрообод бо ангишту ҳезум таъмин шудаанд.
Раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки қарор аст соли оянда ҳукумат буҷаи кумитаро тақрибан 46 дар сад боло барад. Ӯ афзуд, ки соли равон теъдоди неруҳои марзбонии кишвар яку ним ҳазор нафар афзоиш ёфт. Ба гуфтаи генерал Зуҳуров, теъдодҳои марзбонҳоро метавон афзоиш дод ва аммо мушкилоти кадриву молӣ барои ин имкон намедиҳад.

Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG