Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду фаъоли сиёсии қирғиз 'боздошт шудаанд'


Гузоришҳои расида аз Бишкек ҳокист, ки маъмурони пулис дастикам ду фаъоли Анҷумани Сиёсатмадорони Ҷавони Қирғизистонро боздошт кардаанд.


Хабаргузориҳои Қирғизистон бо истинод ба Элегиа Мусоева, раҳбари ин гурӯҳ, гузориш додаанд, ки ин афрод тайи соъоти шаби сешанбе ба ҳангоми часпондани постер (плакат)-ҳо бо фарохони мардум ба роҳпаймоии эътирозӣ дастгир шудаанд.


Ҷунбиши сиёсии мавсум ба Барои Ислоҳот эълом кардааст, ки мехоҳад рӯзи 2 ноябр дар маркази шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, тазоҳуроти хиёбонии номаҳдуд баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG