Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NATO фармондеҳии амалиёти низомии Афғонистонро ба ӯҳда гирифт


Аз ҷумла, масъулияти раҳбарии амалиёти зиддитеррористӣ дар шарқи ин кишвар, ки ба он 12000 нирӯҳои амрикойӣ ҷалб шудаанд, дар масъулияти NATO хоҳад буд. Зимни як суханрониаш дар шаҳри Кобул раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай кулли кишварҳои кӯмаккунанда дар таъмини амнияти Афғонистонро сипосгузорӣ кард. Вай гуфт:


"Умедвор ҳастем, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, бо ҷиддияти бисёр зиёд, бо ҷиддияти тамом даст ба дасти ҳам дода, алайҳи терроризм, ки душмани башарият аст, душмани мардум аст, мубориза хоҳад бурд. Аз тамоми кишварҳое, ки фарзандонашонро ба хоки мо барои амнияти Афғонистон фиристоданд, ташаккур мекунем".


Генерал-лейтенант Дейвид Ричардс (Бритониё) имрӯз расман фармондеҳи нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳи таҳти сарпарастии NATO таъин шуд. Ричардс акнун масъулияти фармондеҳии нирӯҳои 33000-нафараи хориҷиро дар Афғонистон бар ӯҳда мегирад. Генерал-лейтенант Карл Эйкенберри, ки собиқ фармондеҳи нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ буд, дар маросиме бахшида ба таҳвили нирӯҳо ба ихтиёри NATO дар Кобул, ин рӯзро чун рӯзи таърихие унвон кард, ки "тааҳҳуди NATO-ро ба мардуми Афғонистон намоиш медиҳад".
Феълан, боздоштгоҳҳои амрикоии низомӣ барои нигаҳдошти муттаҳамони террорист дар қаламрави Афғонистон таҳти назари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG