Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поп Бенедикт: "Маро дуруст нафаҳмиданд"


Поп Бенедикти 16, раҳбари котуликҳои ҷаҳон, гуфтааст, ки изҳороти ахири вай дар Олмон, ки бо истинод ба як импротури Бизонс (Византия) баён шуда буд, сӯъитаъбир шудааст. Дар он нақли қавл ба унсурҳое аз кеши ислом сифатҳои "баду шарур ва ғайриинсонӣ" нисбат дода шуда буд.


Поп Бенедикт рӯзи чаҳоршанбе (20 сентябр) хитоб ба пайравони калисои масеҳии котулик дар майдони Петри Муқаддаси Рум гуфт, ки қасди интиқод аз исломро надошта, балки мехостааст гуфтугӯ миёни мазҳабҳоро тарвиҷ кунад. Вай гуфт:


"Шӯрбахтона, ин нақли қавл қобили сӯъитабир шудан буд. Аммо агар матни суханронии ман бо диққат хонда шавад, ин нукта равшан хоҳад шуд, ки ман ба ҳич рӯй намехостам суханони манфии як импротури қуруни вусторо аз худ кунам ва мазмуни муҷодилаомези он гуфтаҳо бовари маро бозтоб намедиҳад."


Изҳороти поп дар бисёре аз кишварҳои мусалмон ошӯбҳоеро дар пай дошт.
XS
SM
MD
LG