Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи Русия аз тасмими Эрон


Вазорати хориҷаи Русия изҳори таассуф кардааст, ки Эрон бино ба қатъномаи Созмони Милал, то поёни моҳи август ғанисозии урониюми худро мутаваққиф накард. Аммо Сергей Иванов дар ишорае равшан ба Эрон гуфт, ки эъмоли таҳримҳо беҳтарин роҳи ҳалли муноқишоти байнулмилалӣ нест. Вай гуфт, итмоми ҳуҷҷат ё ултимотумҳо ба "бунбаст" мебарад. Оқои Иванов афзуд:


"Мо таҷрубиёти гузаштаро мадди назар дорем ва мо наметавонем ба эъломи ултимотумҳо бипардозем, ки ҳамеша ба як бунбаст мунтаҳӣ мешавад. Бале, сиёсатҳои бархе аз кишварҳо боъиси нигарониҳое мешавад ва нохушнудиҳоеро бармеангезад, аммо мо ҳама сокини як ҷаҳон ҳастем ва бояд роҳи ҳалли ин муноқишот аз тариқи гуфтугӯро пайдо кунем, на аз тариқи мунзавӣ кардани кишварҳо."


Ожонси Байнулмилалии Энержии Ҳастаӣ дар як гузориши худ рӯзи панҷшанбе (31 август) таъйид кард, ки Эрон бо сарпечӣ аз тақозои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ғанисозии урониюмро мутаваққиф накардааст.


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико хостори "ироаи паёмадҳои беэътиноии Эрон" шуд. Аммо Русия ва Чин, ки ҳар ду аз аъзои доими Шӯрои Амният ҳастанд, мухолифи муҷозоти сареъ ва сахтгиронаи Эрон ҳастанд. Ин ду кишвар метавонанд бо истифода аз ҳаққи ветои худ монеъ аз тасвиби қатъномаи Шӯрои Амният барои эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон шаванд.
XS
SM
MD
LG