Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабиб Насруллоев мунтазири ҳукми нави додгоҳ


Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи душанбе дархости Додситонии Кулли Русия барои истирдоди Ҳабиб Насруллоев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ҳабиб Насруллоев собиқ раиси идораи Тоҷикматлубот ва яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандиро мақомоти Тоҷикистон ба куштор ва саъй барои таббадулоти давлатӣ муттаҳам мекунанд.


Мақомоти Тоҷикистон саъй доранд, то ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд ва се сол боз аз Маскав дархости истирдоди ӯро доранд. Ҳабиб Насруллоев аз 21 августи соли 2003 дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав аст. Вакили дифоъи вай Анна Ставицкая боздошти Ҳабиб Насруллоевро ғайриқонунӣ медонад ва ба додгоҳи Аврупо шикоят бурдааст.
XS
SM
MD
LG