Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба хок месупоранд


Маросими дафни Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва раҳбари пешини кумиссиюни оштии миллӣ зӯҳри имрӯз баргузор мешавад. Ва аммо алакай сар аз дирӯз ҳазорон нафар аз наздикону пайвандон, пайравон ва аҳли давлату сиёсати кишвар ба хотири видоъ бо устод Нурӣ даври манзили ӯ ҷамъ омадаанд.


Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи чаҳоршабе баъд аз бемории тӯлонӣ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҷанозаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бар асоси қарори шаҳрдории Душанбе, дар гӯристони Сариосиёи пойтахт ба хок супурда хоҳад шуд.


Саид Абдуллоҳи Нурӣ соли 1947 дар рустои Сангвори ноҳияи Тавилдара ба дунё омада, аз хурдӣ ба омӯхтани улуми дин мепардозад. Ӯ ҳанӯз дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта пой ба арсаи сиёсат ниҳод ва аз ҷамъи ҳамсабақонаш дар мадориси ғайрирасмии исломӣ ҳалқаҳои маърифатие ташкил дод, ки баъдан ранги як ташаккули сиёсиро гирифт ва ҲНИТ дар поёни солҳои 80-ум дар заминаи ҳамин ҳалқаҳо ба вуҷуд омад. Бо ҷурми фаъолиятҳои мазҳабиву сиёсӣ Саид Абдуллоҳи нурӣ дар соли 1986 ба зиндон ҳам маҳкум ва Сибиристони Русия маъзул шуда буд. Аммо бузургтарин иқдом ва ҳатто ба назари аксар қаҳрамонии ӯ имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифини тоҷик дар соли 1997 будааст, ки ба 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузошт.
XS
SM
MD
LG