Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки осиёии тавсеъа нигарони воми кишоварзони тоҷик аст


Ликун Ҷин муъовини раиси Бонки осиёии тавсеъа мегӯяд, ба ҳалли масъалаи қарздории кишоварзони тоҷик, густариши ислоҳот дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бовар дорад.


Ҷаноби Ҷин шомгоҳи панҷшанбе, 3 август, пас аз дидор ва гуфтушунуд бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди пешрафтҳои чашмгир дар иқтисод Тоҷикистон бо мушкилҳои зиёде рӯбарӯст, ки яке аз онҳо мавҷудияти воми калони деҳқонони тоҷик аз сармоягузорон ва ниҳодҳои молист. Ин қарз як монеъаи рушди кишоварзӣ шуда, ба идомаи ислоҳот дар ин ришта халал ворид кардааст.


Муъовини раиси Бонки осиёии тавсеъа дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, раҳбарии Тоҷикистон ваъда додааст, ки ҳамзамон бо ҳалли масъалаи қарзҳо ислоҳотро дар арсаи кишоварзӣ идома хоҳад дод.


Дар мулоқот ҳамчунин роҳҳои таъсиси бозори муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст. Оқои Ҷин гуфт, Тоҷикистон ба ҳузур дар чунин бозор ҷиддан манфиатдор аст.


Ин нахустин дидори муъовини Бонки осиёии тавсеъа аз Тоҷикистон ва Осиёи Марказист. Тоҷикистон аз соли 1998 узви ин муассисаи молӣ мебошад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG