Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири мудофиаи ИМА дар Тоҷикистон


Рӯзи душанбе бо ҳадафи арзёбии масъалаҳои амниятӣ вазири мудофиаи ИМА Доналд Рамсфелд вориди Тоҷикистон шуд. Дар Душанбе бо ишора ба нооромиҳои Афғонистон Доналд Рамсфелд гуфт, ки дар он ҷо хушунат афзоиш ёфтааст.
Вазири мудофиаи ИМА таъкид кард, ки ҳадди ақалл қисман маблағгузории ҳамлаҳоро қочоқчиёни маводи мухаддир бар дӯш доранд, зеро ҷангҷӯёни Толиб амнияти қочоқчиёни афғонро кафолат медиҳанд.
Доналд Рамсфелд бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти минтақаро баҳс хоҳад кард.
Дар қаламрави Тоҷикистон шумораи начандон бузурги нерӯҳои эътилофи байналмилалии зидди терроризм мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG