Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии пизишкон аз густариши бемории саратон дар Хатлон


Носирҷони Маъмурзода

Маркази тозабунёди мубориза алайҳи бемории саратони шаҳри Қӯрғонтеппа аз густариши ин беморӣ миёни аҳолии ин минтақа изҳори нигаронӣ мекунад. Идибек Қараев, сарпизишки маркази мазкур мегӯяд, ин марказ нахустин табобатгоҳест,ки ба муолиҷаи бевоситаи афроди мубтало ба саратон сарукор мегирад. Ба гуфтаи оқои Қараев, ҳукумати вилояти Хатлон ҷиҳати бунёди ин марказ ҳудуди якуним миллион сомонӣ ва барои харидории васоиту таҷҳизоти фаннӣ ва маводди дорувор 200 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст. Ҳамакнун 22 табиби пуртаҷриба дар марказ ба сурати ройгон ба беморон хизмат мерасонанд. Бар асоси иттилоъи Маркази мубориза бо бемории саратони шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ҳоли ҳозир дар минтақа беш аз 250 мубталои бемории саратон ба қайд гирифта шудааст ва сатҳи маргу мири беморон низ дар ҳоли афзоиш аст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад 28 дар сади мубталоёни бемории саратон дар Хатлон мефавтанд. Як сабаби аслии афзоиши шумори беморони саратон паҳншавии маводди реактивӣ дар фазои минтақа арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад бар асари вазъи ноором ва ҷангу ҷидоли кишвари ҳамсояи Афғонистон маводи зиёди реактивӣ ба фазо таъсири зиёнбор расонидааст. Ҳамчунин ихроҷи маводи музирр дар корхонаҳои саноатӣ аз дигар омили афзоиши бемории саратон дар қаламрави вилояти Хатлон унвон мешавад.
Носирҷони Маъмурзода
XS
SM
MD
LG