Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади нави низомӣ миёни Душанбе ва Боку


Вазирони дифоъи Тоҷикистону Озарбойҷон Шералӣ Хайруллоев ва Сафар Абиев имрӯз, якуми июн дар шаҳри Боку нахустин созишномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ байни ду кишварро имзо карданд. Вазири дифоъи Озарбойҷон Сафар Абиев баъд аз имзои созишнома гуфт, ин санад барои тавсиаи ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар ва таъмини амният дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Сухангӯи дафтари матбуоти вазорати дифоъи Озарбойҷон Элгар Вердиев, доир ҷузъиёти ин санад ба Радиои Озодӣ гуфт:
"То кунун ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи Ҳамкори барои сулҳи Паймони Атлантики Шимолӣ ва ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ сурат мегирифт. Ва имрӯз бо имзои созишнома ҳар ду ҷониб нахустин гомро дар роҳи ҳамкориҳои дуҷониба пеш гузоштанд. Ҳангоми мулоқот ду вазир доир ба таҳҳавуллоти ҷорӣ дар артишҳои ҳар ду кишвар табодули назар карданд. Ҳар ду вазир тероризми байналмилалӣ ва ҷудоихоҳии ситезаҷӯёна дар минтақаро маҳкум намуда, ба муборизаи муштарак дар роҳи мубориза бо ин падидаҳо, ки барои амнияти ҳар ду кишвар хатар эҷод мекунанд, таъкид варзиданд. Вазири дифоъи Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо вазири дифоъи Озарбойҷон гуфт, ки ин нахустин сафари расмии ӯ ба Озарбойҷон аст ва ин ба таъмиқи ҳамкориҳои низомии ду кишвар мусоидат хоҳад кард."
Ба гуфтаи Элгар Вердиев, созишномаи Тоҷикистону Озарбойҷон парваришу омӯзиши афсарон, баргузории машқҳои муштараки низомӣ ва ҳамкориҳои фанниву низомиро дар бар мегирад.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG