Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи зиндонҳо ва маҳбусон дар Тоҷикистон


Бар асоси иттилои Раҳимҷон Маҳмудов, раиси маркази таҳлиливу машваратии дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки ҳисоботи алтернативӣ дар мавриди вазъи зиндонҳо ва маҳбусони Тоҷикистонро омода мекунад, феълан, дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор маҳбус ба сар мебарад. Аз ин шумор, зиёда аз 1.500 нафари онҳо гирифтори маризии сил ва бештар аз 100 нафар ба вируси норасоии масунияти бадан сироят ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта бештар аз 60 нафар маҳбусони гирифтори маризии сил дар зиндонҳо ҷони худро аз даст додаанд:

«Ман мехоҳам як нуктаи дигарро ин чо тазаккур диҳам, ки бо кадом сабаб касе ҳеҷ гоҳ дар мавриди маҳбусони дар хориҷи кишвар зиндон шудаи Тоҷикистон намегӯяд, ки тақрибан аз 12 то 15 ҳазорро ташкил мекунанд. Агар ин миқдор маҳбус дар омор сабт шавад, Тоҷикистон дар мавриди теъдоди маҳбусон миёни кишварҳои ҷаҳон на мақоми 79 ро, ки имрӯз дорад, соҳиб мешуд, балки дар миёни 10 кишвари аввал ҷой мегирифт.»

Дар ҳамин ҳол, Радик Набиулин, масъули барномаи ислоҳоти маҳбасҳои дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мегӯяд, феълан, дар кишвар 14 зиндон фаъол аст, ки бо иллати афзоиш доштани теъдоди зиндониён дар бархе аз зиндонҳои мардона вазъ сангин аст:

«Феълан, вазъи нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ комилан мутобиқ нест. Дар ин маврид, мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Масалан, вазорати адлия маблағи кофӣ ҷиҳати нигаҳбонии бештар аз 11 ҳазор маҳбусро надорад. Шароити беҳдоштии зиндонҳо ташвишовар аст. Бархе аз маҳбасҳо ҳоҷатхона ва ташноб надоранд, дар бархе дигар зиндониён ҳатто аз ҷои хоб ва нигаҳбонӣ маҳруманд. Ин вазъи нигаҳбонии маҳбусон сабаби густариши маризиҳои сироятӣ, ба хусус бемориии сил дар зиндонҳои Тоҷикистон гаштааст.»

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалӣ Шарифов, маҳбуси собиқ, ки се сол дар коллонияи панҷум воқеъ дар ноҳияи Ёвон зиндонӣ буд, аз вазъи ин маҳбас ва муносибат бо маҳбусон шикоят мекунад.

Аммо пас аз лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон ва ба ҳабси якумрӣ табдил кардани ин ҳукм назди масъулони зиндонҳои кишвар мушкили дигар пеш омадааст. Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори раёсати муассисаҳои ислоҳотии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ҷиҳати нигаҳбонии як маҳбус дар як рӯз аз буҷаи Тоҷикистон феълан як сомониву 27 дирам ва ё камтар аз 50 сент ихтисос дода мешавад. Вале ба эътиқоди ӯ, бо маблағи фоидаи дохилии раёсат ин рақам ба ҳудуди 1 доллари амрикоӣ баробар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки аз вазъи бади нигаҳбонии маҳбусон дар зиндонҳо ва нақзи ҳуқуқу зери шиканҷа қарор гирифтани онҳо созмонҳои байналмилалӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳадди ақал масъулони дафтари СММ барои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон ва масъули барномаи ислоҳоти маҳбасҳои дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон изҳор доштанд, ки маҳбусон ҷиҳати тағийри вазъ дар зиндонҳои кишвар ба ин созмонҳо муроҷиат мекунанд. Владимир Сотиров, раиси дафтари СММ оид ба таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон гуфт:

«Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда масъалаи беҳтар сохтани вазъи зиндонҳо ва нигаҳбонии маҳбусон бояд мавриди таваҷҷӯҳи сиёсии ҳукуматдорон ва дар маҷмӯъ ҷомеаи Тоҷикистон қарор дошта бошад. Ин масъала ба обрӯи Тоҷикистон робита дорад, ки роҳи демократисозии ҷомеаи кишварро ихтиёр кардааст. Бояд мушклилоти зиндонҳо ва нигаҳбонии маҳбусон махфи нигоҳ дошта нашавад. Бояд роҳи ҳалли ин мушкилот дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ пайдо карда шавад. Зеро Тоҷикистон дар танҳоӣ феълан қудрати ҳалли ин мушкилотро надорад.»

Тоҷикистон дар мавриди теъдоди маҳбусон дар миёни кишварҳои ҷаҳон мақоми 79 -ро касб карда ва аз дигар кишварҳои Осиёи марказӣ дар зинаи хеле поин қарор дорад. Дар минтақаи Осиёи марказӣ вазъи зиндонишавии сокинон дар Туркманистон бад ташреҳ мешавад, ки аз 100.000 нафар сокин 490 нафар зиндонӣ аст. Дар Тоҷикистон, аз 100.000 нафар сокин 164 нафар зиндонӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG