Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Иттиҳоди Аврупо ба Эрон


Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавйер Солана мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо омодааст, ба шакли истисно ба Эрон техноложии пешрафта ва осоиштаи ҳастаиро пешниҳод кунад. Ба гуфтаи вай, фанноварии мазкур ба Эрон имкон хоҳад дод, нирӯи осоиштаи ҳастаӣ тавлид кунад. Урсула Плассник, вазири умури хориҷии Австрия, ки аз раёсати Иттиҳоди Аврупо намояндагӣ мекунад, гуфт, тарҳи нав аз се бахш иборат аст--кӯмаки иқтисодӣ, ҳамкории сиёсӣ ва пуштибонӣ аз Эрон барои дастёфт ба барномаи амн, пойдор ва осоиштаи ҳастаӣ: "Агар ба нигарониҳои байнулмилали мо расидагӣ шавад, мо ба як силсила ҳамкориҳо омодаем ва аз Эрон дар дастёфт ба барномаи амн, устувор ва осоиштаи ҳастаӣ пуштибонӣ хоҳем кард."
Аммо Солана гуфт, талаби бунёдӣ ин аст, ки Эрон ҳама гуна фаъолиятҳои ғанисозии ураниюмро қатъ кунад. Дар посух, вазири корҳои хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ ин талабро ғайримантиқӣ ва ғайриқобили қабул номид. Вай гуфт, Теҳрон аз пешниҳодҳое истиқбол хоҳад кард, ки мушкилро ҳал кунанд ва ҳамзамон ба Эрон ҳаққи ғанисозии ураниюмро замонат диҳанд.
Алиризои Нуризода, коршиноси умури сиёсӣ дар Маркази пажӯҳишҳои арабу иронӣ дар Лондон мегӯяд, ин пешниҳоди Иттиҳоди Аврупо мақсад дорад, аҳдофи аслии барномаи Эронро рӯшан намояд.
XS
SM
MD
LG