Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Раёсати ҲНИТ аз амалкарди мақомоти қудратӣ


Раёсати Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як баёния аз фаъолияти гурӯҳи вижаи зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара изҳори нигаронӣ намудааст. Дар ин баёния, ки рӯзи панҷшанбе, 11 май мунташир шуд, зикр шудааст, ки тайи ду соли фаъолияти гурӯҳи вижаи зудамали Вазорати корҳои дохила дар ноҳияи Исфара даҳҳо тан аз аъзои ҲНИТ дар ин минтақа тавассути ин гурӯҳ беасос боздошт ва мавриди латукӯб қарор гирифтаанд. ҲНИТ афзудааст маҳз фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳи зудамали вазорати дохила дар ноҳияи Исфара боиси марги то ҳол норӯшани масъули бахши фарҳангии ҲНИТ дар ин ноҳия Саъдулло Маъруфов шудааст. Баёнияи ҲНИТ чунин бархурди гурӯҳи зудамали Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Исафараро муғойир бо сиёсати ваҳдати миллӣ дар кишвар дониста, афзудааст чунин амалкарди мақомоти қудратӣ боиси коҳиши обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.
Баёнияи раёсати ҲНИТ амалкарди гурӯҳи зудамали Вазорати дохилаи Тоҷикистон ва куштори узви ин ҳизб дар ноҳияи Исфарараро нақзи ҳуқуқи башар унвон карда ва аз Додситонии кулл тақозои расидагии мунсифона ба ин қазияро намудааст.
XS
SM
MD
LG