Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду узви конгресси Амрико хостори таҳримот алайҳи Узбакистон шудаанд


Ду узви шинохтаи Конгресси Амрико сенатор Ҷон МакКейн ва узви Маҷлиси намояндагон Кристофер Смит гуфтаанд, тарҳи қонунеро муаррифӣ хоҳанд кард, ки ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Узбакистонро ба иллати бад будани вазъи ҳуқуқи башар дар он кишвар тақозо мекунад.

Ҷон Маккейн ва Кристофер Смит, ҳарду аз ҳизби ҷумҳурихоҳи президент Буш, тарҳи чунин қонунро ба таври алоҳида таҳия кардаанд. Тарҳи Ҷон МакКейн вижатан ба Узбакистон ихтисос ёфтааст. Тарҳи пешниҳодии Кристофер Смит баръакс вазъи ҳуқуқи башар дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро фаро мегирад, вале танҳо дар қиболи Узбакистон ҷорӣ кардани таҳримотро лозим медонад.

Ҳарду тарҳи пешниҳодӣ, дар сурати тасвиб шуданаш, манъи сафари мақомоти Узбакистон ба Амрико, мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкии онон ва манъи содироти силоҳу ҷангафзорҳо ба Узбакистонро пешбинӣ мекунад. Ҳарду конгрессмени амрикоӣ дар бораи таҳти таъқиб қарор доштани дигарандешон дар Узбакистон ва аз шиканҷа ба таври фаровон истифода бурдани мақомоти он кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG