Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқодҳои байнулмилалӣ аз давлати Лукашенко рӯ ба афзоиш аст


Иттиҳодияи Урупо аз давлати Белорус хостааст, ки раҳбарони мухолифонашро бедиранг аз зиндон раҳо кунад. Чанд раҳбари мухолифони давлати Белорус ба хотири созмондиҳӣ ва ширкат дар тазоҳуроти ғайримуҷози дирӯз равонаи зиндон шудаанд. Бенита Ферреро-Валднер, кумисери Иттиҳодияи Урупо дар равобити хориҷӣ гуфт, ки муътаризон ба хотири мухолифаташон бо давлати Александр Лукашенко зиндонӣ шудаанд. Боризтарин чеҳраи мухолифони Белорус, ки акнун дарбанд аст, Аляксандр Милинкевич, рақиби оқои Лукашенко дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии он кишвар аст. Оқои Милинкевич дирӯз ба хотири созмондиҳии роҳпаймоии эътирозии ғайримуҷоз ба 15 рӯз зиндон маҳкум шуд. Ин иқдом интиқодоти густардаи байнулмилалиро дар пай дошт. Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико, дар ҳоле ки дар Суфия суханронӣ мекард, чизеро, ки "иқдоми қобили мазаммат"-и давлати Белорус номид, маҳкум кард. Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ ҳукми додгоҳ алайҳи Аляксандр Милинкевичро "ғайри қобили қабул" номид. Ва дар Бруксел Эмма Удвин, сухангӯи Кумисиюни Урупо гуфт: "Мо ин рӯйдодро ба таври фавқулъода наздик мушоҳида мекунем. Мо ҳар навъ боздоштеро, ки ба хотири ширкат дар тазоҳурот ё дигар фаъъолиятҳои сиёсӣ сурат мегирад, маҳкум мекунем". Ҳамин додгоҳи Минск дирӯз ду чеҳраи сиёсии дигари Белорусро низ маҳкум кард. Винтсук Вяхорка, раҳбари Ҷабҳаи Мардумӣ ва Аляксандр Бухвостау, раиси Ҳизби Коргар низ ба хотири ширкат дар роҳпаймоии рӯзи чаҳоршанбе барои 15 рӯз равонаи зиндон шуданд. Серҳей Калякин, раҳбари Ҳизби Кумунист ва чаҳорумин раҳбари нирӯҳои мухолифи давлати Аляксандр Лукашенко ба 14 рӯз ҳабси таълиқӣ маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG