Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия - бо пойи чӯбин


Қаҳрамон Мӯсобоев, ки субҳи рӯзи 25 - уми апрел ба толори додгоҳи шаҳрӣ бо пойҳои чубӣ ва асо ҳозир шуда буд, зимни баррасии аризаи даъвоияш гуфт, ки вай ҳамроҳи як гурӯҳ дар баҳори соли 2004 комилан сиҳат ва тандуруст бо миёнаравии намояндагии корхонаи «Тоҷикхориҷакор» дар вилояти Суғд ҳамчун муҳоҷири корӣ ба вилояти Волгогради Русия сафар кард, аммо аз он ҷо бо машаққати зиёд ва бо ду пойи сармозада ба ватан баргашт.

Табибон ба хотири наҷоти вай ҳар ду пояшро аз зону поин буриданд:

«Даъвои ман ҳамин ки манро Мамлакат Низомова - намояндаи «Тоҷикхориҷакор» дар Хуҷанд ҳамроҳи як гурӯҳи беш аз саднафараи корӣ ба Волгогради Русия бурда, баъди як моҳи кор ману се рафиқамро бо шиносномаамон ба як фермери рус фурӯхт. Мо то соати 12-и шаб кор мекардем, аммо баъди ҷамъоварии ҳосил музди кори худро гирифта натавониста, бе пул дар кӯча мондем. Пойҳову дастҳоямро хунук зад. Табибон ҳар ду поямро аз зону поин ва як ангушти дастамро бурида партофтанд. Ман ду фарзанди кӯдак дорам, аммо дар ин синну сол корношоями дараҷаи аввал шудам. Даъвои ман аз «Тоҷикхориҷакор» ҳамин ки ба ман зарари ҷисмониву маънавии кашидаамро ҷуброн кунад.»

Маблағи даъвои ҷуброни Қаҳрамон аз «Тоҷикхориҷакор» чандон зиёд нест, 61 ҳазор рубли русӣ, наздик ба 2 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳида. Бар ивази тақрибан 10 моҳи сарсониву кор ва меҳнату машаққатҳо дар ноҳияи Новожизненскийи вилояти Волгогради Русия.

Вале Иброҳим Иброҳимов - сарвари намояндагии корхонаи воҳиди «Тоҷикхориҷакор» дар Хуҷанд даъвои ин муҳоҷири кориро бепоя мехонад:

«Қаҳрамон Мусобоев то сафар барои муҳоҷирати корӣ муқаррароти корхонаи моро, ки дар низомномааамон сабт шудааст, риоя накардааст. Вай ҳаққи корхонаи моро, ки 41 сомонӣ аст, надода, ба рӯйхати асосии сафаркунандагон дохил нашуда, ба тариқи инфиродӣ ба вилояти Волгоград сафар кардааст.»

Анварҷон Темуров - додраси додгоҳи Хуҷанд, ки баррасии ин аризаи даъвоиро бар ӯҳда дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, на камтар аз 10 муҳоҷири корӣ, ки бо ҷабрдида ҳамроҳӣ ва кор кардаанд, бозпурсӣ хоҳанд шуд.
Додгоҳи Хуҷанд рӯзи сешанбе дар поёни рӯзи аввал баррасии аризаи Қаҳрамон Мусобоевро то ду ҳафта мавқуф гузошт, чаро ки як намояндаи «Тоҷикхориҷакор» аз Хуҷанд, ки дар назди додгоҳ ҷавоб хоҳад гуфт, бо муҳоҷирони корӣ ба шаҳри Маскави Русия равон шудааст.
XS
SM
MD
LG