Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба баёнияҳои мақомоти интизомии Тоҷикистон


Ноиби аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Валиев мегӯяд, "агар афроди марбут ба сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев метавониста бошанд, ки аз марз гузашта дар Тоҷикистон, дар маркази шаҳри Душанбе, раиси Донишкадаи ҳарбии кишварро террор кунанд, ин камбуди кори ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аст. Дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ, ҷаноби Валиев гуфт, бо вуҷуди пешрафтҳо дар кори ин вазоратҳо навоқиси зиёде боқӣ мондааст. Вай аз ҷумла набуди шаффофиятро дар кори онҳо ҳангоми боздошти гумонбаршудагон ва марҳилаи таҳқиқи ҷиноӣ, ҳатто муҳокима дар додгоҳ як омили он номид, ки сабаби шубҳа дар кори онҳо мешавад. Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос ва ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов гуфт, баёнияҳои ахир, ки бе пешниҳоди далелҳои раднашаванда садо додаанд, метавонанд, ҳадафҳои сиёсӣ дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG