Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург


Тобути муҳоҷирон. Акс аз соли 2019
Тобути муҳоҷирон. Акс аз соли 2019

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми август гуфт, дар садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Санкт-Петербург се муҳоҷири тоҷик ҷон бохтаанд. Расонаҳои Русия навиштанд, як муҳоҷири дигари тоҷик дар ҳолати вазнин аст.

Сафорат дар паёме гуфт, ҳодиса 28-уми август рӯй дод. Ба иттилои расонаҳои русӣ, мошини сабукрави ҳомили муҳоҷирон дар базаи меваю сабзавоти "Софийская" ба мошини борбаре бархӯрдааст.

Дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 480 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа ва бахусус Русия ҷон додаанд. Ин омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аст ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 149 маврид бештар.

Вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол гуфта буд, барои овардани ҷасади муҳоҷирони фавтида ба ватан мадад мекунанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, худи онҳо пул ҷамъ карда, ҷасадҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд. Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG