Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон маркази сагҳои минаҷӯй ифтитоҳ ёфт.


Дар чаҳорчӯби таҷлили рӯзи ҷаҳонии мусоидат ба безарарсозии минаҳо,барои нахустин бор дар Тоҷикистон, «маркази сагҳои минаҷӯй» ифтитоҳ ёфт. Маркази мазбур дар ҳудуди баталёни муҳандисӣ-сапёрии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, таъсис дода шуд.
Маркази сагҳои минаҷуй иборат аз машқгоҳ барои сагҳо ва техникаву таҷҳизоти лозима барои омӯзонидани гурӯҳои безарарсозии мина мебошад.
Шералӣ Хайруллоев,вазири дифоъи Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маркази мазбур гуфт, таъсиси чунин як марказ бо пуштибонии молии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо,барномаи Рушд ва бунёди атфоли СММ даст додаст ва ин марказ метавонад дар роҳи татбиқи барномаи безарарсозии минаҳо ва маводи тарканда дар манотиқи минагузоришудаи кишвар,нақши муаасир дошта бошад.
Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази минарӯбии Тоҷикистон, мегӯяд, бо мусоидати молии барномаи рушди СММ, аз кишвари Олмон 12 саг харидорӣ шудааст, ва ин сагҳо пас аз 2 моҳи омӯзиш дар Афғонистон, ба Тоҷикистон оварда шуда дар амалиёти пайдо ва безарарсозии минаҳо истифода хоҳанд шуд.
Ален Куанон, сафири Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон зимни сипос аз кишварҳои аъзои конвенсиюни Оттава,ҷиҳати мусоидат ба татбиқи барномаи ҷаҳонии минарубӣ гуфт, феълан ҷиҳати татбиқи барномаи минарубӣ дар Тоҷикистон, дар соли 2006, 1 миллион доллар лозим мебошад.
Тоҷикистон 149-умин кишвари аъзои созишномаи ҷаҳонӣ оид ба манъи истеҳсол ва истифодаи минаҳои зиддиафрод мебошад. Аз ин хотир интизор меравад тайи 5 соли оянда, Тоҷикистон мақоми кишвари бидуни минаро дарёфт хоҳад кард.
Бино ба маълумоти маркази минарӯбии Тоҷикистон, ҳудуди беш аз 45 миллион метри мурабаъи ин кишвар, минакорӣ шудааст.Баъд аз анҷоми муноқишаҳои сиёсии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта то имрӯз, беш аз 500 нафар сокинони навоҳии манотиқи наздимарзии кишвар, бар асари таркиши мина зарар дидаву як қисми эшон ҷони худро аз даст додаанд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG