Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарон барои ришватхорӣ маҳкум шуданд


Чаҳор афсари артиши Тоҷикистон барои ришватхорӣ ба мӯҳлатҳои аз чаҳор то сенздаҳ сол маҳкум ба зиндон шуданд. Маҳмадулло Юсуфов, намояндаи расмии коллегияи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, фармондеҳи яке аз қисмҳои низомӣ подполковник Бахтиёр Мирзоев тайи чанд соли ахир дар баҳои ришват ба маблағи аз 100 то 300 доллар ҷавононро аз хизмати низомӣ озод мекард. Коллегияи низомии Додгоҳ баъди баррасии парванда Бахтиёр Мирзоевро ба мӯҳлати 13 сол ба маҳбас фиристод. Яке аз наздикони ӯ майор Алӣ Холматов 7 соли ояндаро дар чаҳордевори зиндон сипарӣ хоҳад кард. Ду миёнарав дар ин тиҷорати ҷиноӣ - афсарон Урунбой Алиев ва Эргаш Раҳматуллоев ба мӯҳлати чаҳорсолӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Маҳмадулло Юсуфов гуфтааст, тайи се моҳи аввали соли равон бори саввум аст, ки низомиёни ришватхор маҳкум ба зиндон мешаванд.
XS
SM
MD
LG