Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои белорусашро табрик кард


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони ҳамтои белорусияш, Александр Лукашенко барқияи шодбош фиристода ӯро ба муносибати интихоби дигарборааш ба мақоми раёсати ҷумҳурии Белорус табрик кардааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри ин хабар дар сомонаи интернетии раиси ҷумҳур навиштааст, "Пирӯзии Александр Лукашенко дар интихоботи Белорус гувоҳи дастгирии васеъи сиёсати ӯ мебошад, ки барои шукуфоӣ ва беҳбудии мардуми кишвараш равона шудааст". Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи худ ҳамчунин гуфтааст, мӯътақид аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар оянда низ тавсеъа ёфта ва соҳоти навро фаро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG