Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирон ба музокира бо Амрико розист


Ирон мегуяд, розӣ аст, ки миёни Теҳрону Вошингтон ,барои баррасии вазъи кунунии Ироқ музокира анҷом гирад. Бино ба гузоришҳо, бори нахуст аст, ки оятуллоҳ Алии Хоманеӣ-раҳбарии руҳонии Ирон, ки роҷеъ ба масоили давлатӣ тасмим мегирад, ба ҷонибдорӣ аз чунин музокирот изҳори ақида кардааст. Хоманеӣ дар ҳоле ба ин музокира ризоят додааст, ки Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш роҷеъ ба вазъи Ироқ хостори музокира бо Ирон аст. Буш гуфтааст, Ирон саъй мекунад ба раванди вазъият дар Ироқ асар гузорад. Хоманеӣ гуфтааст, ҳайати музокираи Амрико дар ин музокирот набояд ба Ирон таҳдид кунад.Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, вай азҷониби Амрико ин музокиротро бо Ирон Залмай Халилзод-сафири Амрико дар Ироқ анҷом диҳад. 16-уми марти соли ҷорӣ Алии Лориҷонӣ-Дабири Шурои Амнияти Милии Ирон изҳор дошт, Залмай Халилзод борҳо эълон кардааст, ки Амрико мехоҳад барои ҳали буҳрони Ироқ бо Ирон ба музокира биншинад.
XS
SM
MD
LG