Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомӣ дар музокироти Ирон ва Иттиҳодияи Аврупо


Вазирони хориҷаи Олмон ва Фаронса гуфтаанд, музокироти Иттиҳодияи Аврупо бо Ирон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар бидуни тавофуқ ба поён расидааст. Бино ба иттилоъи хабаргузории Ройтерз, ин музокирот рузи душанбе дар Вена идома меёбад. Музокироти мазкур кушише барои поён додан ба зарбулаҷалест, ки дар мавриди барномаҳои ҳастаии Ирон эълон шудааст. То поёни ин зарбулаҷал се рӯзи дигар мондааст. Баъд аз се рӯз ҷаласаи Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ-ниҳоди вобаста ба СММ баргузор мешавад ва агар то он вақт дар бораи барномаҳои ҳастаии Ирон тавофуқ ба даст наояд, дар он сурат парвандаи Ирон ба Шӯрои амнияти СММ фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG