Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобаҳо дар Балҷувон бар асари зилзила


Заминларзаи шадид ва давомдор дар ноҳияи Балҷувон, 140 - километрии ҷануби Тоҷикистон тақрибан чаҳорсад манзили истиқоматиро қисман ва наваду панҷ хонаро комилан тахриб кардааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, то кунун дар минтақаи Балҷувон зилзила бо дараҷаи камтар идома дорад. Ин заминларза дар Балҷувон ягон талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Бар асари зилзила дар ноҳияи Балҷувон ҳамчунин 13 мактаби миёна ва 7 бинои тафреҳиву маъмурӣ хароб шудааст. Дӯстмурод Забиров, масъули дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, кӯмакҳои аввалия аз ҷониби созмони байналмилалии хайрияи Мерлин ба осебдидагон фиристода шуд. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти масъули ҳукумати Тоҷикистон зарари ворида ба хоҷагии ин ноҳияро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва дар наздиктарин рӯз ҳисоби ниҳоии онро маълум хоҳанд кард. Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, дар аввали ҳафтаи оянда ёриҳо ба осебидаҳои зилзилаи Балҷувон аз тарафи мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳи байналмилалӣ расонида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG