Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии мақомоти беҳдоштӣ аз сагҳои дайдуи Душанбе


Зиёвуддин Афғонов, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ахиран, захми дандони як саги девона дар Душанбе, 10 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Ӯ гуфт, «Мушкиле пеш омадааст, ки солҳои ахир дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар, бахусус Душанбе, сагҳои дайду зиёд шудаанд. Масалан, ба қарибӣ ҳодисае шуд, ки як саги ҳорӣ, 11 нафарро дар як рӯз захмӣ кард, ки 10 нафари онҳо вафот карданд. Ин беморӣ сад дарсад марговар аст.» Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон бо изҳори таассуф мегӯяд, беш аз як сол ин ҷониб, аз ҷониби ниҳодҳои масъули ҳукуматӣ, дар роҳи пешгирӣ аз газидани сагҳои ҳорӣ, ки ба одамон метавонад, паёмади марговар дошта бошад, тадбирҳои зарурӣ андешида нашудааст. Бино ба гуфтаи вай, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ, эмгузаронии ҳайвоноти хонагӣ, аз қабили саг ва гурба мебошад, аммо, ҳарчанд бо пешниҳоди маркази вогиршиносиии пойтахт, шаҳрдори Душанбе қарореро оид ба ҷамъоварии сагҳои дайду ба тасвиб расонидааст, аммо дар ин самт ҳанӯз кори чашмрасе анҷом дода нашудааст. Мутобиқи омори расмӣ дар 9 моҳи соли 2005, танҳо дар Душанбе ҳудуди 700 нафар бар асари газидани сагҳои дайду ба беморхонаҳои кишвар муроҷиат кардаанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG