Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи истифода аз сармоягузориҳои хориҷӣ


Дар як машварати густардаи мақомоти давлати Тоҷикистон рӯзи шанбе аз корбасти сармоягузориҳои хориҷӣ дар кишвар баррасӣ шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз вазъи масъала изҳори ноқаноатмандӣ кард. Вай гуфт, кишвараш дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии молиявӣ ва ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон, Швейтсария, Эрон, Бритониё ва Олмон то ҳол 43 барномаи муштаракро ба маблағи 360 миллион доллар амалӣ карда, ба иҷрои даҳҳо барномаи нав машғул аст, ки сармоягузории умумӣ ба онҳо 610 миллион доллар мебошад. Дар ҷаласа мудири Маркази ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна Музаффар Исҳоқов аз рафти корбасти ин сармоягузориҳо гузориш дод. Президент Раҳмонов аз татбиқи баъзе барномаҳо изҳори ноқаноатмандӣ кард ва гуфт, ҳаҷми корҳои иҷронашуда ба 37 миллиони доллар мерасад. Вай аз ҷумла иҷрои барномаи таъмини аҳолии шаҳри Душанберо бо об ташвишовар номид ва дастур дод, ки дар корбасти кӯмакҳои хориҷӣ назорати қавӣ ва шаффофияти том мавҷуд бошад.
Тоҷикистон хостори ҷалби густардаи сармояҳои беруна ба иқтисодиёт аст, вале гузориши созмонҳои байнулмилалӣ аз вазъи коррупсия дар кишвар, камбуди кадрҳои арзанда ва заъфи иҷрои барномаҳои мавҷуда аз монеъаҳои чунин густариш шумурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG