Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи нашрияҳои Афғонистон


шаҳри Кобул Миқдори рӯзномаву ҳафтаномаҳои Афғонистон худ баёнгари озодии баён дар ин кишвар шумурда мешавад, аммо коршиносон бар инанд, ки сифат ва касбияти онҳо ҷавобгӯи вазъ нест ва бӯҳрони мудаввоме миёни хукумат, хонандагон ва рӯзномаҳо вуҷуд дорад.

Фозил Сангчоракӣ, муовини нашаротии Вазорати иттилоот, фарҳанг ва ҷаҳонгардии Афғонистон гуфт, матбуоти навиштории кишвар дар шароите фаъолият дорад, ки Қонуни нави матбуоти Афғонистон омода шуда, дар баррасии Вазорати адлия аст ва алъон қонуни ҳоким дар матбуоти Афғонистон ба 75% такмилшудаи Қонуни расонаҳои ҳамагонии даврони Зоҳиршоҳ аст. Вай афзуд, дар қонуни нав имкони ислоҳи нуқсонҳои имрӯз вучуд дорад, аммо барои татбиқи қонун ниёз ба ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ, пулис ва додгоҳ аст.
Наздик ба 350 нашрияи даврӣ дар кишвар сабти ном шуда, беш аз 100-тои он муттасил фаъолият дорад. Тибки як низомнома агар нашрияи сабтшуда то 6 моҳ фаъолияти худро пиёда насозад, баста мешавад.
Матбуоти навиштории Афғонистон дар баробари 5 телевизион ва наздик ба 30 радиои фаъоли кишвар дар ҷомиа нақши муассир надоштааст. Котрин Видо, сардабири рӯзномаи "Чароғ" гуфт, рӯзномаи ӯ бо 5 ҳазор теъдод худкифо шуда, дар 9 вилоят паҳн мешавад. Вай афзуд, вазъияти куллӣ дар Афғонистон буди маблағ ва набуди рӯзноманигории ҳирфаист.
Хонуми Нидо гуфт, рӯзномаҳо мушкилоти мардумро барои давлат мушаххас месозанд, аз ин рӯ, давлат вазифадор аст, ки ба онхо маблағ диҳад ва дар омода кардани рӯзноманигорони ҳирфаӣ кӯмак расонад.
Дар афзойиши занбурӯғвори нашрияҳо дар Афғонистон хонум Нидо гуфт, як кумиссиюне зарур аст, ки нашрияҳои безарфиятро бубандад. Котрин Нидо, сардабири ҳафтаномаи "Чароғ" гуфт, ширкатҳои тиҷоратӣ ба нашрияҳо реклом намедиҳанд ва дар интихоботи порлумонӣ Созмони милали муттаҳид бо далоили номаълум нагузоштааст, номзадҳо дар рӯзномаҳо маъракаи таблиғотии худро пиёда созанд.
Аз 10 рӯзномае, ки дар Кобул чоп мешавад, 3-тои он давлатӣ ва бақия ғайридавлатиянд. Пурфурӯштарин рӯзномаи Афғонистон "Ормони миллӣ" 5,5 ҳазор нусха чоп мешавад, дар ҳоле ки дар кишвар ҳудуди 25 миллион нафар ба сар мебарад. Сертеъдодтарин ҳафтанома -- "Калид" 15 ҳазор теъдод дорад ва дар 34 вилоят тавассути созмонҳои хориҷӣ паҳн мешавад.
Сайид Муҳаммадалии Ризвонӣ, сардабири ҳафтаномаи "Иқтидори миллӣ" гуфт, ҳафтаномаи ӯ бо 6,5 ҳазор теъдод худкифо нест. Ба таъйиди ӯ, дар Афғонистон ҳеҷ нашрияе худгардон, нест ва кулли нашрияҳои озод, ҳатто давлатӣ аз ҳисоби созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд. Вай гуфт, як далели дигари умумимиллӣ нашудан ва танҳо дар Кобул маҳдуд мондани матбуоти даври адами нақлиёт, хатҳои парвоз ба вилоятҳои кишвар аст. Ба гуфтаи оқои Ризвонӣ, барои ба обуначиёни вилоятҳои Ҳирот, Бомиён, Вардак, Кундуз ва Балх расидани ҳафтаномаи ӯ созмони байналмилалии NAI кӯмак мерасонад.
Азизи Ориёнфар, коршиноси масоили нашаротӣ гуфт, рӯзномаҳо ҷавобгӯи табъи мардум нестанд. Вай афзуд, ҷомиаи Афғонистон сиёсатзада ва пойбанди мушкилоти иҷтимоист. Давлат дар фаъолияти худ навоқиси зиёде дорад ва мардуми оддӣ инро мебинад. Аммо нашрияҳо ба иштибоҳҳои давлат сатҳӣ ва саҳлангорона менигаранд, он чи пеши назари мардум аст, дар саҳафоти онхо акс намеёбад. Вай афзуд, рӯзномахо навъе барангезанда ва бо лаҳни шадид ба давлат хитоб мекунанд, дар ҳоле ки авомили навоқис ва иштибоҳоти давлат ботаҳаммул ва бодалоил собит ва пешниҳод шавад, то мардум низ тавонанд бо ин забон бо давлат гуфтугӯ кунад.
Ба иттилои як созмони хоричии назарсанҷӣ, мавсум ба EMA, дар мавриди таъсиргузории иҷтимоии матбуоти даврии Афғонистон танҳо 7 %-и пурсидашудагон гуфтаанд, ки матбуоти даврӣ метавонад 100 % дар ҷомеа таъсиргузор бошад, 12% гуфтаанд, ки ҳеҷ таъсир намегузоранд, 35 % бар онанд, ки матбуоти даврӣ асароти 50%-ӣ дорад. 46%-и боқимонда мавзӯъро қобили андеша ҳисоб накардаанд.
Ҳамид Аминӣ, сардабири ҳафтаномаи "Ватандор" гуфт, матбуоти даврии Афғонистон якҷониба равон аст ва наметавонад мардумро қаноат диҳад, ё ба важд оварад. Вай афзуд, навовариҳо, фикрҳои ҷолиб нестанд ва худсензорие, ки бар асари истибдоди 100-сола дар кишвар вуҷуд дорад, ҳанӯз боиси эҳтиёткории рӯзноманигорон аст.
Аминӣ афзуд, ҳамраъйии рӯзноманигорон яке аз дигар мушкилотест дар шакл гирифтани мактаби вижаи журнализм дар Афғонистон.
Раззоқи Маъмун, коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, давлат ба матбуот беэътиност, ҳар чи дар матбуот барои давлат ва алайҳи давлат аст, давлат онро нодида мегирад. Оқои Маъмун афзуд, бо бардошт аз ин вазъ эътимоди мардум ҳам ба матбуот костааст ва матбуот ҳам намедонад, ки чӣ кор кунад.

Раззоқи Маъмун гуфт, муҳим барои ҷомеаи Афғонистон роҳи интихобшуда ба сӯи демократия ва озодии баён аст ва ин роҳи дуруст солиёни наздик ба мушкилоти матбуоти навиштории кишвар нуқтаи таммат хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG