Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши масъулияти НАТО дар Афғонистон


Пас аз нишасти рӯзи панҷшанбеи вазирони умури хориҷии Паймони НАТО дар Бруссел, фаъолияти Нирӯҳои байнулмилали кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон густариш ва шумораи сарбозони он дар ин кишвар афзойиш хоҳад ёфт. Дабири кулли Созмони атлантики шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер дар ин бора дар Бруссел гуфт: "Вақте ки ин густариш дар заминаи ин тарҳ ба вуқӯъ мепайвандад, соли оянда фаъолияти НАТО аз чаҳор се ҳиссаи Афғонистонро фаро хоҳад гирифт ва шумораи сарбозонаш чанд ҳазор нафар бештар хоҳад шуд. Ва онгуна ки огаҳӣ доред, НАТО ба ҷануби мамлакат хоҳад рафт ва шумораи гурӯҳҳои вилоятии бозсохт ҷамъан камаш ба сездаҳ адад хоҳад расид." Нақшаи чунин густариш аз моҳҳо пеш дар миён буда, таҷрибаи гурӯҳҳои бозсохти вилоятӣ дар шимоли Афғонистон натиҷаҳои мусбат додааст. Аммо Қандаҳор зодгоҳи ҷунбиши Толибон ва атрофи он ноамнтарин минтақаи Афғонистон шумурда мешавад. Бархе аз кишварҳои узви НАТО изҳори ташвиш карданд, ки барномаи густариш метавонад сабаби талафоти ҷонӣ гардад ва ба тағйири вазифаҳои НАТО дар Афғонистон маҷбур кунад.
XS
SM
MD
LG