Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 мавриди нақзи ҳуқуқи журналистон


Абдуфаттоҳ Воҳидов – як масъули умури сабт дар Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикисон мегӯяд лағви ҳукми Додгоҳи олӣ дар бораи раҳоии рӯзноманигор Ҷумъа Толибов аз маҳбас аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон ва бенатиҷа боқӣ гузоштани ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз сӯи додгоҳи таҷдиди назар нисбат ба Мухтори Боқизода - сардабири нашрияи мустақили "Неруи сухан" ва раиси Бунёди гиромидошт ва дифоъ аз рӯзноманигорни тоҷик, ки ба ду соли меҳнати ҷабрӣ маҳкум шудааст, аз рӯшантарин мавридҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар ин муддат будааст. Ҷаноби Воҳидов гуфт дар пайи ин ҳаводис ва низ ба иллати тавқифи чопи нашрияҳои мустақил худсонсурӣ дар миёни ходимони расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорони мустақил дубора шиддат ёфтааст. Вай бо зикри ин нукта, ки бархе аз нашрияҳои хусусии ҷадид аз ҷумла нашрияи «Миллат» дар пойтахти кишвар ва ҳафтаномаи «Бомдод» дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон талоши баёни мушкилоти ҷомиаро доранд аммо афзуд ӯ даст бурдан ба масоили сиёсӣ , таҳлили вазъи воқеии иқтисодӣ, фаъолияти ниҳоди давлатӣ , масъулин ва интиқод аз паҳлуҳои мухталифи фаъолияти онҳо ҳамоно ғайриимкон шудааст.
Вале ба ақидаи Хуршеди Атовулло - сармуҳаррири ҳафтаномаи «Зиндагӣ» - ҳарчанд таҷрибаи талхи нашрияҳои азчопафтода, таҳти таъсир қарор додани хабарнигорон бо татбиқи ҷазо тавассути додгоҳ як омили умда дар ҷиҳати ба худсонсурӣ гаройидани рӯзноманигорон шуда бошад, омили аслӣ ва асосӣ ба тиҷорат табдил додани матбуот аз сӯи ноширин ва соҳибони рӯзномаҳо будааст. Ҷаноби Атовулло гуфт соҳибони рӯзномаҳо ба таври огоҳона аз рисолати худ ва аз инъикоси вазъи воқеии кишвар канораҷӯӣ мекунанд. Балки баракс меафзояд ӯ дар фазои иттиллотии кишвар ҳоло нашрияҳои хусусие ба чоп мерасанд,ки мешавад онҳоро рӯзномаҳои фармойишӣ ном бурд.
Ин дар ҳолест, ки Адолати Мирзо - сардабири нашрияи хусусии тозатаъсиси "Миллат" мегӯяд, ӯ то кунун ҳеҷ навъи сонсурро аз сӯе ва аз касе эҳсос накардааст ва дар сафаҳоти рӯзнома ҳамон мавзӯе ва матлаберо ба нашр мерасонад ,ки барои ҷомиаи кишвар аз нигоҳи ӯ муҳимм мебошад. Ва онҳое,ки нашрияҳои навтаъсисро ҳамкор ва шарики ҳукумат муаррифӣ мекунанд, иштибоҳ кардаанд.
Вале ба ақидаи масъулини давлати Тоҷикистон фазо ва қавонини ҷорӣ дар кишвар ҳеҷ мониае дар роҳи фаъолияти хабарнигорон боқӣ нагузоштааст. Абдумаҷид Достиев- муовини авали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт ин худи рӯзноманигоронанд, ки дар инъикоси масоили доғ ва мубрасми ҷомиа заъф нишон медиҳанд
Коршиносони умури матбуот ва Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мӯътақиданд, ки назорати фаъолияти интишорот ва расонаҳои гурӯҳии кишвар дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи мақомот бештар мешавад. Ба эътиқоди ҳамин коршиносон аз эҳтимол дур нест, ки теъдоди нашрияҳои ба ном мустақил,ки бо сармояи ҳаводорони ҳукумати имрӯза дар саҳнаи матбуот зоҳир шаванд низ афзоиш биёбад.
XS
SM
MD
LG