Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти байналмилалӣ доир ба интернет хотима меёбад


Ҳамоиши байналмилалии таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид доир ба технологияҳои навин ва интернет, ки дар он масъалаи дастрасии кишварҳои фақир ба ин шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ мешавад, имрӯз дар Тунис поён меёбад. Дар ин ҳамоиши серӯза қариб 10 ҳазор нафар, аз ҷумла раҳбарони сад кишвари ҷаҳон ҳузур ёфтаанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар нахустини ин нишасти ҷаҳонӣ аз кишварҳои сарватманди ҷаҳон хост, ба Тоҷикистон барои дастрасии васеъ ба интернет ва дигар захираҳои иттилоотиву иртиботӣ кӯмак намоянд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, интернет ба як захираи бузурги дастраси иттилоотӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст ва у умедвор аст, ки тасмимгирӣ доир ба идораи он шафоф хоҳад буд.
Бархе аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳанд, интернет таввасути як ниҳоди байналмилалӣ идора шавад, на таввасути Амрико, ки ихтиёроти зиёди идораи интернетро зери даст дорад.
Эмомалӣ Раҳмонов афзудааст, ки ҳукуматаш дурнамои "Технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ барои рушди Тоҷикистон"- ро омода кардааст, ки бар асоси он ҷиҳати ҷорӣ кардани чунин навъи технология барномаҳое амалӣ мешаванд. Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмонов зикр кардааст, ки кишвараш дар татбиқи барномаҳои мазкур мушкилӣ мекашад, чаро ки захираҳои моливу фаннӣ ва мутахассисини варзида кам дорад.
XS
SM
MD
LG