Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як рӯҳонӣ дар Суғд


Носир

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шимоли ин кишвар собиқ имоми масҷиди ҷомеи вилояти Перми Русияро боздошт кардаанд. Дилбар Хоҷаева, масъули дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи вилояти Суғд зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, аммо аз додани ҷузъиёти бештар роҷеъ ба ин ҳодиса худдорӣ намуд.
Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон имоми собиқро ба узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрав муттаҳам медонанд. Ба иттилоъи манбаъ аз мақомоти интизомӣ, имоми боздоштшуда роҳбарии яке аз ҳалқаҳои панҷгонаи ҳизби мамнӯи Таҳрирро ба ӯҳда дошта ва бо «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» низ ҳамкорӣ мекардааст. Фаъолияти ин ду созмон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълом шудааст. Манбаъ афзуд, авохири моҳи сентябр дар манзили истиқомати имоми собиқи масҷиди Перм дар шаҳри Хуҷанд як шаҳрванди Русия, ки узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон будааст, боздошт ва аз ӯ як адад автомати Калашников бо 30 дона тир мусодира шудааст. Ҳангоми дастгир шудани шаҳрванди Русия соҳиби хона, яъне имоми боздоштшуда, фирор кардааст ва аз сӯйи мақомоти интизомии кишвар дар пайгарди қонунӣ қарор гирифтааст.
Оид ба ин далелҳо нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва эҳтимоли узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро нисбат ба имоми собиқи масҷиди ҷомеи Перми Русия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст ва ин масъала рӯшан карда мешавад, ки оё вай бо созмонҳои иртиҷоии Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон робита доштааст ё на.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, соли ҷорӣ афзоиши теъдоди пайравони Ҳизби Таҳрир махсусан дар шимоли Тоҷикистон ба мушоҳида расида, танҳо дар чанд моҳи ахир дар ин минтақа беш аз 30 нафар ба гумони узвият дар ин созмони мамнӯъ боздошт шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG