Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави НATO ба Тоҷикистон


Як ҳайъати афсарон аз ситоди фармондеҳии Паймони Атлантики Шимолӣ (NATO) баъди мулоқот бо масъулини нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфтаанд, ин созмон омода аст, барои таъсиси гурӯҳҳои нерӯҳои посдори сулҳ аз ҷумлаи низомиёни тоҷик ба мақомоти Тоҷикистон кӯмак кунад.
Ин ҳайъати афсарони ситоди NATO ба манзури баррассии имкони густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин паймон вориди Душанбе шуда ва то кунун бо масъулини вазорати дифоъ, горди миллӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва вазорати изтирорӣ дидор ва гуфтӯгу кардаанд.
Зимни мулоқоти ҳайъати NATO ва низомиёни тоҷик ҳамчунин мавзӯи таҳияи як барномаи ҳамкориҳои хоси Тоҷикистон бо Паймони Атлантики Шимолӣ матраҳ шудааст.
Юн Линдланд масъули равобити ситоди NATO ва узви ин ҳайъат ба хабарнигорон гуфтааст, агар ба тавофуқ даст биёбем, NATO метавонад, дар таъсиси гурӯҳҳои посдори сулҳ аз ҷумлаи сарбозони тоҷик, омӯзиш додани нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳатто тамрин ва манёврҳои муштарак барои ин кишвар кӯмак кунад.
Оқои Линдланд гуфтааст, ҳарчанд наҳваи омӯзиш дар артиши Тоҷикистон аз низоми омӯзиш дар NATO тавофут дорад, аммо метавон барномаи омӯзиш додани нерӯҳои тоҷикро ҳамоҳанг сохт, чун NATO дар ин замина таҷрибаи фаровон дорад.
Ба гуфтаи масъули равобити ситоди Паймони Атлантики Шимолӣ густариши ин ҳамкориҳо танҳо ба манзури амнияти минтақа ва ҷаҳон аст ва ҳадафи дигаре надорад.
Тоҷикистон охирин кишвар дар қаламрави шӯравии пешин буд, ки дар соли 2002 ба барномаи "Ҳамкорӣ барои сулҳ"-и NATO ворид шуд ва дар чанд вақти пеш дабири кулли NATO аз Тоҷикистон дидан кард.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG