Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Фаронса Душанберо тарк мекунанд


Шаш ҳавопаймои низомӣ ва 250 афсару сарбози нирӯҳои мусаллаҳи Фаронса, ки дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон мустақар ҳастанд, ин кишварро ба зудӣ тарк хоҳанд карданд. Фредерик Перрони - масъули масоили низомии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон гуфт, ки бар асоси як мувофақа миёни ҳарду кишвар шаш адад ҳавопаймои ҳарбии навъи Мираж-2000 ва Мираж Ф-1 Фаронса ҷиҳати таъмини амнияти интихоботи порлумонии Афғонистон дар арафаи ин интихобот дар тобистони соли ҷорӣ вориди Душанбе шуда буданд.
Вай гуфт, ки азбаски мӯҳлати ҳузури ин нирӯҳо муваққатӣ буд, бо хотимаи миссияи худ онҳо боз гардонида мешаванд:
«Онҳо вазоифи худро барои баргузории интихобот ва таъмини субот ва амнияти ҷараёноти ин маърака дар Афғонистон дар чаҳорчӯби Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ анҷом доданд.»
Оқои Перрони афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ду ҳавопаймои борбари навъи Мираж ва садупанҷоҳ сарбозу афсари нирӯҳои мусаллаҳи Фаронса дар Душанбе боқӣ мондаанд. Дар дӯши онҳо таъмини як баталиёни ин кишвар дар ҳайъати Эътилофи байналмилалии зиддитерррористӣ дар Кобул бо маводи зарурӣ ва интиқоли кӯмакҳои башарии кишварҳои мададрасон ба Афғонистон вогузор шудааст.
Тоҷикистон як гурӯҳи низомиёни Фаронсаро дар фурудгоҳи Душанбе ҷо дода ҳамраъйӣ ва пуштибонии худ ба ҳайси як кишвари узви Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар мубориза алайҳи ҳаракати Толибон дар Афғонистонро таъйид кард.
Фаронса танҳо кишвари ғарбии узви Эътилофи байналмилалии зиддитеррорист, ки ҳама кӯмакҳои имдодӣ ва фаъолияти худ дар доираи ин эътилофро дар мубориза алайҳи гурӯҳи Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон анҷом додааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG